Х. Абдураҳимов: 4-5 нафар ҳамасола ба мактабҳои олии Беларус ба таҳсил фиристода мешавад
Душанбе,16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир).- Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишастро раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов оғоз карда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан кард.
Дар мавриди ҳамкории кумита бо кишварҳои хориҷӣ раиси кумита зикр намуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо кишварҳои пешрафта кӯшиш менамояд ҳамкориро дар сатҳи хуб ба роҳ монад. Имрӯз ин ниҳод бо Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳамкории зич дорад.
Тибқи иттилои Х. Абдураҳимов дар доираи ин ҳамкорӣ ҳар сол 4-5 нафар ба мактабҳои олии Беларус барои таҳсил фиристода мешавад. Аз соли 2014 инҷониб кумита дар маркази таълимӣ курсҳои кӯтоҳмуддати 40 рӯзаро ташкил намудааст, ки кормандони нав ба кор қабулгашта аз ин курсҳо мегузаранд. Дар оянда дар назар аст ин курсҳои кӯтоҳмуддат ба давраҳои 4- 5 моҳа табдил дода шаванд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






