Харҷи 626,2 миллион доллар барои татбиқи 15 лоиҳа
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 15 лоиҳаи гуногунсамт ва мухталифҳаҷм бо маблағи умумилоиҳавии 626,2 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев иттилоъ дод.
Инчунин дар давоми сол оғоз гардидани корҳои сохтмонию таҷдидӣ боз дар якчанд иншооти нақлиётии барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим, аз қабили навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода (аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ва Исфара (Гулистон) — Хуҷанд дар нақша мебошанд. Имрӯзҳо корҳои омодасозии заминавӣ ва лоиҳавӣ барои оғози корҳо дар лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб — Ванҷ марзи ноҳияи Рӯшон идома дошта, аз ҷониби комиссияи давлатӣ масири гузариши роҳ интихоб карда шуд.
“Навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент ва Шӯрообод-Шоҳон аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки анҷоми татбиқи амалии онҳо соли 2015 дар назар аст”, -илова намуд Суҳроб Мирзоев.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






