Харҷи 626,2 миллион доллар барои татбиқи 15 лоиҳа

Июль 30, 2015 04:30

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 15 лоиҳаи гуногунсамт ва мухталифҳаҷм бо маблағи умумилоиҳавии 626,2 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев иттилоъ дод.   
Инчунин дар давоми сол оғоз гардидани корҳои сохтмонию таҷдидӣ боз дар якчанд иншооти нақлиётии барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим, аз қабили навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода (аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ва Исфара (Гулистон) — Хуҷанд дар нақша мебошанд. Имрӯзҳо корҳои омодасозии заминавӣ ва лоиҳавӣ барои оғози корҳо дар лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб — Ванҷ марзи ноҳияи Рӯшон идома дошта, аз ҷониби комиссияи давлатӣ масири гузариши роҳ интихоб карда шуд. 
“Навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент ва Шӯрообод-Шоҳон аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки анҷоми татбиқи амалии онҳо соли 2015 дар назар аст”, -илова намуд Суҳроб Мирзоев. 

 

Июль 30, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад