Хисороти офати табиӣ дар Шуғнон 19 млн. 353 ҳазор сомониро ташкил дод
Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бар асари чандин маротиба фаромадани ҳаҷми калони сел ва банд намудани маҷрои дарёи «Ғунд» ҳаҷми оби кӯли сунъӣ, ки дар натиҷаи обхезии 17 июл ба вуҷуд омада буд, баланд гардида, дар натиҷаи кандашавии сади ин кӯли сунъӣ 56 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб гаштанд.
Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Ориф Нозимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки то соати 10:25 дақиқаи 18 июли соли 2015 дар деҳаи Барсем 41 адад, дар деҳаи Бердибекобод 3 адад ва дар деҳаи Колхозобод 12 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра зарар дидаанд.
Инчунин бар асари ин офати табиӣ 6 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб, 2 километр роҳи аҳамияти маҳалидошта, 2 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиқоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад ҷуйбори обёрикунанда, дар деҳаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад ҷуйбори обёрикунанда дар деҳаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр, 2 адад пули пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб гаштаанд.
Маблағи хисорот аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шуғнон муайян карда шудааст, ки айни замон тахминан 19 милиону 353 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба аҳолии деҳаҳо як тонна маводи хӯрока тақсим гардид. Аз ҷумла орд – 600 кг; шакар – 100 кг; биринҷ – 100 кг; макарон – 100 кг;
равған – 100 литр.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






