Идомаи шиносоии Сарвари давлат бо сохтмони НБО Роғун
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Рӯзи дуюми сафар ба шаҳри Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дигари бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст.
Зикр карда шуд, ки то 1-уми июли соли 2015 аз мавзеъҳои зериобмонанда 30 миллиону 700 ҳазор метри мукааб сангу шағал ба анборҳои дар баландиҳо ҷойдошта кашонда, захира карда шудааст ва ин кор бомаром идома дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра пурсон шуда, ба масъулин барои муҳайёсозии беҳтарин шароит супоришҳои иловагӣ дод.
Коргарону мутахассисони нерӯгоҳ изҳор доштанд, ки вусъат бахшидани корҳо дар ин иншоот, иҷрои саривақтии нақшаи тақвимӣ, риояи технологияи иҷрои корҳо, талаботи меъёрҳои амалкунанда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳамеша таҳти назорат қарор доранд.
Дар ҷараёни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки корҳо дар ҳама ҷо бо сифати баланди ҷавобгӯй бо стандартҳои байналмилалӣ, тибқи тавсияҳои коршиносони муътабари Бонки ҷаҳонӣ ва бо рӯҳияи баланди бунёдкорию созандагии бинокорон идома доранд.
Пас аз анҷоми шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун дар назар аст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






