Ифтитоҳи нахустин майдони картинг дар Хоруғ

Июль 30, 2015 13:04

     Хоруғ, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Бори нахуст дар шаҳри Хоруғ  маҳфили картингбозӣ роҳандозӣ шуд. Карт як намуди мошини хурди варзишӣ буда, бори нахуст онро дар Амрико ихтироъ кардаанд.Сардори бошгоҳи техникию варзишии вилоят Зафар Имомдодов гуфт, ки  бо дастури Президенти кишвар ба бошгоҳи мо 5 мошини навъи карт ва ҳамин миқдор либосҳои махсуси варзишӣ такдим  шуданд.
    Бошгоҳи техникию варзишии вилоят ба мақсади ташкили маҳфили картингбозӣ майдончаеро дар мавзеи Бизмич ба иҷора гирифта, онро асфалтпӯш намуд.     Устои бошгоҳи мазкур Спинёр Алиёров бо изҳори минатдорӣ аз Сарвари давлат аҳамияти ин намуди маҳфилро барои рушди барвақтии кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки онҳо дар оянда бидуни мушкил мошинҳои мухталифтамғаро идора карда метавонанд. Барои ҷавонони то синни даъватӣ дар бошгоҳи техникию варзиши омузиши касби ронандагӣ ройгон ба роҳ монда шудааст ва имсол бештар аз 50 нафар соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд.  
   Таърихи мухтасари ба вуҷуд омадани картҳо чунин аст: Дар аввали солҳои чилуми асри гузашта сарнишинони тайёраҳои ҳарбӣ дар кишвари Амрико хангоми интиқоли бомбаҳо ба назди тайёра аз ароба истифода мекарданд, ки ин муҳлати зиёдро талаб мекард. Бо мурури замон ин сарнишинон барои кашондани бомба мошини хурдеро ихтироъ карданд, ки баъдан  ҳам дар миёни кӯдакону наврасон ва ҳам калонсолон ҳаводорони зиёдро пайдо намуд. Ҳоло бештар аз 100 ширкати мошинсозӣ дар ҷаҳон ба тавлиди карт машғул мебошанд.

Июль 30, 2015 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад