Имзои барномаи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ
Душанбе, 22.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 июли соли 2015 маросими табодули Ёддоштҳо байни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада оид ба Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯбаи кумакҳои бебозгашти Япония баргузор гардид.
Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур Созишномаи грантӣ байни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Киёши Ишии ба имзо расид.
Барномаи омӯзишии рушди захираҳои инсонӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Барномаи мазкур дар ростои кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди захираҳои инсонии кишвар таҳия шуда, ба кормандони ҷавон имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






