Интиқоли маблағ тавассути «Амонатбонк» коҳиш ёфтааст

Июль 15, 2015 09:55

  Душанбе, 15.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар шаш моҳи соли  равон тавассути  «Амонатбонк» коҳиш ёфтаааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,6%  кам мебошад»,  мегӯяд Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода -раиси Бонки давлатии амонатгузории кишвар «Амонатбонк».
           Раиси Бонки давлатии амонагузории кишвар афзуд, ки  дар ин давра муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути «Амонатбонк»  беш аз 173 миллион доллар ба ҷумҳурӣ интиқол додаанд,  ҳол он ки дар соли 2014 маблағи  интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия тавассути «Амонатбонк» 288 миллион долларро ташкил дода буд.
         Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани қурби асъори миллии ин кишвар-рубл дар баробари дигар асъори хориҷӣ рабт доранд.

 

Июль 15, 2015 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш