Иштироки коршиносони динии минтақа ва ҷаҳон дар конфронси байналмилалӣ
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» шурӯъ гардид. Дар кори конфронс, ки пагоҳ низ ҷараён мегирад, зиёда аз 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ширкат доранд. Аз ҷумла Шайх Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон дар ин конфронси байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ мекунад.
Тавре ки аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, Шайх Алӣ Қарадоғӣ дирӯз, 21 июл ба Душанбе омад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон истиқбол гирифт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






