Ҳисор омода ба ҷашн аст
Ҳисор, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- «Ҳамаи иншооти ҷашнӣ то рӯзи таҷлили сеҳазорсолагии Ҳисор, яъне моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд»,-иброз дошт раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода зимни нишасти хабарӣ, ки 22 июл дар ноҳияи Ҳисор доир гардид.
Воқеан имрӯз симои шаҳраки Ҳисор ва умуман ҳудуди ноҳия тадриҷан дигар гашта, Ҳисор ба таври замонавӣ зеботар гаштааст. Раиси ноҳия бо бовари комил иброз дошт, ки ғайр аз иншооти бузург- варзишгоҳ, Қасри фарҳанг, осорхона, китобхона, чойхонаи миллӣ, мактаби президентӣ, боз беш аз 200 иншооти ҷашнии дигар бо сифати баланд ва симои замонавӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
«Ман бовар дорам, ки баъди ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор ҳам корҳои ободонӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия босуръат идома хоҳанд ёфт»,-афзуд У. Раҳмонзода.
Бо ибтикори раиси ноҳия гурӯҳи хабарнигорон қабл аз нишаст аз иншооти ҷашнӣ дидан карда, бо ҷараёни корҳо дар сохтмонҳо ошно шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






