Ҳисор омода ба ҷашн аст

Июль 23, 2015 05:32

Ҳисор, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- «Ҳамаи иншооти ҷашнӣ то рӯзи таҷлили сеҳазорсолагии Ҳисор, яъне моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд»,-иброз дошт раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода зимни нишасти хабарӣ, ки 22 июл дар ноҳияи Ҳисор доир гардид. 
Воқеан имрӯз  симои шаҳраки Ҳисор ва умуман ҳудуди ноҳия тадриҷан дигар гашта, Ҳисор ба таври замонавӣ зеботар гаштааст. Раиси ноҳия бо бовари комил иброз дошт, ки ғайр аз иншооти бузург- варзишгоҳ, Қасри фарҳанг, осорхона, китобхона, чойхонаи миллӣ, мактаби президентӣ, боз  беш аз 200 иншооти ҷашнии дигар бо сифати баланд ва симои замонавӣ ба истифода дода хоҳад шуд.  
«Ман бовар дорам, ки баъди ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор ҳам корҳои ободонӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия босуръат идома хоҳанд ёфт»,-афзуд У. Раҳмонзода.
Бо ибтикори раиси ноҳия гурӯҳи хабарнигорон қабл аз нишаст аз иншооти ҷашнӣ дидан карда, бо ҷараёни корҳо дар сохтмонҳо  ошно шуданд. 

 

Июль 23, 2015 05:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид