Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон доир ба тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1

Июль 14, 2015 12:49

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷумҳурии Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва  кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад.

Мо ин тавофуқ ва комёбиро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон ва инчунин кишварҳои гурӯҳи 5+1 самимона табрик мегӯем.

Аз нахустин рӯзҳои музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мо бар ин мавқеъ будем, ки мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст.

Боварӣ дорем, ки тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда,  фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод. 
 

 

Июль 14, 2015 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст