КҲФ: вазъият зери назорат аст

Июль 25, 2015 07:02

Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 24 июли соли 2015 тахминан соати 10:30  оби дарёи дараи Висхарви ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз баланд гардида, дар натиҷа ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Хурки ҷамоати деҳоти мазкур Шералӣ Назиров ва Музаффар Нотавонов, ки бар асари фаромадани сели рӯзи 22 июл қисман зарар дида буданд, такроран об даромад. Ба ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷамоат сафарбар гардид. Ба аҳолии зарардида аз ҳисоби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 200 литр сӯзишвории дизелӣ, 50 халта орд, 30 кг гӯшт, шакару  нон ва дигар маводи зарурӣ дасрас карда шуд. 
Рўзи 24 июли соли равон соати 19:25  дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боридани борони шидатнок ва жола аз кӯҳ сел фаромада,  ба 6 хонаи истиқоматӣ, 10 иншооти ёрирасон ва 40 қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон  хисороти зиёд расонидааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
 Дар ин рӯз ҳамчунин   соати 07:40 бар асари гармшавии ҳаво дар  чанд рўзи охир ва обшавии пиряхҳо  сатҳи оби дарёи Зарафшон аз меъёр баланд шуда, як пули мошингузар, ки деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бо деҳаҳои Дашти Оббурдон мепайвандад, зери об монда, пурра вайрон намуд.
Ҳоло сокинони ин деҳаҳо аз роҳи муваққатӣ истифода бурда истодаанд. 
Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия сафарбар гардида, маълумоти иловагӣ пешниҳод мешавад. 
Ба иттилои Кумитаи ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои зарардида ҳоло  вазъият зери назорат буда, корҳои барқарорсозӣ бо вусъат идома доранд. 

 

 

Июль 25, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд