Кӯлоб: қисмати зиёди роҳҳо таъмир гардиданд
Кӯлоб, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлоб» таъмири 2 398,43 км роҳҳои истифодаи умумиро бар зимма дошта, то ин давра қисми зиёди роҳҳоро аз таъмири ҷорӣ баровард,- гуфт сардори муассисаи мазкур Рустам Валиев. Ба гуфтаи мавсуф, дар шаш моҳи соли равон ба воситаи муассисаҳои зертобеъ 454 км роҳи мошингард аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки маблағи умумӣ дар ҳамаи бахшҳои роҳсозӣ 4 млн. 650 ҳазору 401 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҷониби кормандон 10 адад пул ба дарозии 128 м, 8 адад қубур ба дарозии 113 м таъмиру барқарор гардида, инчунин 8,84 км роҳҳои мошингард аз таъмир бароварда шуданд.
Аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар пули 14 км-и роҳи мошингарди Кӯлоб- Муъминобод, Қурғонтеппа -Данғара ба маблағи 98 ҳазору 161 сомонӣ ба итмом расида, ҳоло корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмири роҳҳо дар роҳҳои мошингарди Данғара-Кангурт- Балҷувон, барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ ва барқарорсозии роҳҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ идома доранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






