«Кабоол-тоҷик-текстайлз» дубора фаъол мешавад
Хуҷанд, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Сугд иттилоъ доданд, дар вилояти Суғд барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Яке аз корхонаҳое, ки тибқи супориши Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд пахтаи ватаниро коркард намуда, дубора фаъолияти худро роҳандозӣ намояд, корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз»-и шаҳри Хуҷанд аст.
Баъди баррасии чанд лоиҳаи барқарор намудани коргоҳ, бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло корҳои навсозӣ дар ин корхона шурӯъ шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз корхонаи мазкур дидан кард. Корхонаи мазкур, ки дар давоми чанд соли фаъолият нахи пахта ва матои босифат истеҳсол менамуд, аз соли 2008 аз фаъолият бозмонда буд. Дар корхона зиёда 2300 нафар дар се баст машғули кор буда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ҳоло дар заминаи корхонаи мазкур ҶСШП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ» таъсис ёфта, зиёда аз 70 нафар мутахассис ба корҳои барқарорсозӣ ва ивази қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти мавҷуда машғул аст. Корҳои омодасозӣ ба фаъолияти дубора бо роҳбарии мутахассисони олмонӣ аз ширкати «BIMAKO» сурат гирифта, то имрӯз корҳои асосии нақшавӣ дар марҳилаи анҷомёбианд.
Корхона ният дорад баъди анҷоми корҳои навсозӣ дар марҳилаи аввал истеҳсоли нахи пахтаро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Дар назар аст, ки корхона моҳи август фаъолияти худро дубора оғоз намояд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






