КМС: Тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то охири соли 2015 анҷом ёбад
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи чорабинии кумита тасҳеҳи нақшаҳои генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то охири соли 2015 анҷом ёбад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуралӣ Ғиёс зикр дошт.
Дар айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 29 шаҳру ноҳия таҳия гардидаанд.
Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Ҷ.Румӣ, Спитамен ва шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, нақшаҳои генералии ноҳияи 6 шаҳру ноҳияи дигар, аз ҷумла Ҷилликул, Дарвоз, Мўъминобод, Сарбанд, Қайроққум ва А.Ҷомӣ барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Таҳияи нақшаи генералии 7 шаҳру ноҳияҳои дигар аз ҷумла, шаҳри Панҷакент ноҳияҳои Бохтар, Мурғоб, Варзоб, Ғончӣ, Ашт ва Ёвон пурра ба анҷом расидааст.
“Таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 15%, Бобоҷон Ғафуров 35%, Зафаробод 60%, Турсунзода 45%, Кўҳистони Мастчоҳ 30%, Шаҳристон 60%, Қумсангир 50%, Хуросон 55%, Панҷ 60% ва Ховалинг мавриди тасҳеҳ қарор дошта, корҳо идома доранд”,-илова намуд Саидзода Нуралӣ Ғиёс.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






