Комиссияи барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон ба кор шуруъ намуд
Душанбе, 18.07.2015 (АМИТ “Ховар”).- Субҳи имрўз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
Комиссияи барқарорсозии оқибатҳои офати табииро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад, ки имрўз дар маҳали ҳодиса ба кор шуруъ намуд.
Ба ҳайати комиссия вазири молия, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазири нақлиёт, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва масъулини дигар вазорату идораҳо шомиланд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз комиссия дар маҳали ҳодиса оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба зарардидагон кумакҳои аввалия мерасонанд. Тавре аниқ гардид, бар асари омадани сел 56 манзили зисти сокинони ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, 4 километр роҳ ва 3 километр хатҳои барқ пурра хароб гардидаанд. Масъулини комиссия аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд, ки ҳарчи зудтар иншооти харобгардида ва зиндагии муқаррарии мардумро барқарор намоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






