«Корвон» аз Олмон ва «Сафариён» аз Туркия тарроҳ овардаанд
Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масъулини бозорҳои «Корвон» ва «Сафариён»-и пойтахт ҷиҳати бо либоси ягона таъмин намудани фурӯшандаҳои растаҳои бозорҳо аз Олмон ва Туркия тарроҳ овардаанд. Ин тарроҳон дар ширкатҳои бонуфузи дӯзандагии Аврупо фаъолият дошта, бо худ ҳамзамон намунаи либосҳоеро, ки фурӯшандаҳо ба бар менамоянд, овардаанд
Сайфулло Амонов- сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки шоми имрӯз бо ҳузури шаҳрдори Душанбе, роҳбарияти бозорҳои пойтахт, масъулини ширкатҳои дӯзандагӣ ва корхонаҳое, ки ба истеҳсоли матоъ машғуланд, вохӯрӣ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин вохӯрӣ масъалаи бо либоси ягонаи намунавӣ таъмин намудани фурӯшандаҳои бозорҳои шаҳр, инчунин интихоби тарҳи либос ва матои он мутобиқ ба иқлими кишварамон матраҳ мегардад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Тоҷикистон
зимни суханронияш ба муносибати «Рӯзи модар» ва «Соли оила» аз тарзи либоспӯшии занону духтарони тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, гуфта буд, ки: «Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд». Дар иртибот ба ин масъала Президенти кишвар ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот», раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






