Кумитаи рушди маҳал ба кор оғоз кард
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз бо иштироки кадрҳои болаёқат, ки дар асоси озмун ба хизмати давлатӣ сафарбар шудаанд, маҷлиси якуми кории Кумитаи рушди маҳал баргузор гардид. Дар он раиси кумитаи навтаъсис Қосими Раҳбар мақсади Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ-ро, ки аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идораи маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҶТ иборат аст, шарҳ дод.
Кумитаи мазкур мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатро дар самти идораи рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳо миёни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмуриро татбиқ хоҳад кард.
Дар маҷлис инчунин зикр гардид, ки кумита рӯзҳои наздик сомонаи худро таъсис хоҳад дод ва он дар оянда барои муоширату робита бо ҷамоатҳо мусоидат хоҳад кард.
Раиси кумита дар маҷлис ба кормандони аввалин шаҳодатномаҳоро супорид ва кумита ба кор оғоз кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






