М.Убайдуллоев: «Мо аз дастовардҳои Эрон хушнуд ҳастем»
Душанбе,29.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мо аз дастовардҳо ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем»,- гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил — раиси комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати эрониро ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ҷиҳати густариши робитаҳои мутақобилан судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон нек арзёбӣ намуд. Раиси Маҷлиси миллӣ зикр кард, ки ҳарду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи феълии муносибатҳо аз имконоти мавҷуда истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парлумонӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд. М. Убайдуллоев таъкид кард, ки Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар робита буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарлумонӣ тадбирҳои судманд меандешад.
-Дар ин самт нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир буда, итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам тақвият хоҳад ёфт,- гуфт раиси Маҷлиси миллӣ.
Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил дар навбати худ ба сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, хусусан муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд дод. Мавсуф афзуд, ки Эрон омода аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки Ғуломалӣ Ҳаддоди Одид ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилалии марбут ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






