Медали «20-солагии қӯшунҳои сарҳадӣ» ба раиси ноҳияи Спитамен

Июль 29, 2015 03:26

Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, чанде пеш и.в. раиси ноҳияи Спитамен Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Спитамен дидан намуда, бо шароити зиндагӣ ва фароғату  тамрини сарбозону афсарон ошно гардид. Зимнан, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллӣ боми мошинсарой ва майдончаи тамрини қисми ҳарбии 2110 қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сарбанд таъмир гардид. Дар арафаи таҷлили рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ раиси ноҳия ба ин қисми низомӣ 1 адад телевизор тақдим намуд.
Барои чунин ташаббусҳо бо фармони фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ барои саҳми беандоза дар ободонии қисмҳои ҳарбӣ ва иштироки фаъолона дар баланд бардоштани омодагии ҷангии ҷузъу томҳои қисмҳои сарҳадӣ и.в раиси ноҳия Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва раиси ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳия Насим Деҳқонбоев бо медали «20-солагии қӯшунҳои сарҳадӣ» сарфароз гардонида шуданд.

 

Июль 29, 2015 03:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст