Меваҳои шаҳдбори Ҳисор

Июль 24, 2015 04:57

Ҳисор, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Боғдорони ноҳияи Ҳисор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 22,8 ҳазор тонна мева истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2014 — 1 723 тонна зиёд аст.  Ин нишондиҳанда дар бахши ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 933 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 470  тонна зиёд мебошад.
Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо ҷиҳати бунёди боғҳои интенсивӣ бо технологияи пешрафтаи замонавӣ ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар айни замон дар майдони 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд  ёфт. Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ имсол дар масоҳати 149 гектар боғу токзори нав бунёд  шуд. 

 

Июль 24, 2015 04:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст