ММТ: ҷавобҳои дуруст дар сомонаи марказ гузошта шуданд

Июль 8, 2015 09:04

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест, ки дар қисми А (имтиҳони умумӣ) барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1‑ум, 2‑юм, 3‑юм, 4‑ум ва 5‑ум пешниҳод шуданд, дар сомонаи марказ гузошта шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтан ба озмуни тақсимот пас аз тамом шудани имтиҳонҳо ва коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон 25‑уми июли соли равон эълон мешаванд.
Гуфта мешавад, ки раванди гузоштани нусхаҳои варақаҳои ҷавобҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон дар айни замон идома дорад. Китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҷавобҳои дуруст, ки дар кабинети инфиродӣ ва сомонаи марказ ҷойгир шудаанд, ба Шумо имкон медиҳанд, ки холҳои бадастовардаатонро шахсан ва мустақилона ҳисоб намоед, ки ин тақаллуби натиҷаҳо ва имкони аз тарафи шахсони “нопок” фиреб додани довталабонро аз байн мебарад. Маълумоти муфассалро дар бораи меъёри холгузорӣ вобаста ба навъи саволу масъалаи тест метавонед аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” дастрас намоед.

Июль 8, 2015 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст