Муҳокимаи масоили такмили инфрасохтори нақлиёти Тоҷикистон
Душанбе, 02.07.15. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода ва намояндагони корпоратсияи ZTE (ҶМЧ) дар Тоҷикистон масъалаи ҳамкории дуҷониба дар амри навсозии роҳҳои нақлиётии дорои аҳамияти минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Бино ба хабари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корпоратсияи ZTE соли 1985 таъсис ёфта, аз нигоҳи ҳаҷм дуввумин ширкати тавлидкунандаи таҷҳизоти телевизионию иртиботӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Чин ба шумор меравад.
Ширкати мазкур дар Чин, ИМА, Шветсия ва Куриё 13 маркази илмию тадқиқотӣ дошта, бо ширкатҳои калони ҷаҳонӣ, аз қабили Intel, Microsoft, IBM, Alcatel, Qualcomm, Analog Devices, Accenture, Texas Instruments, Freescale, Agere Systems ва ADI ҳамкорӣ дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






