Муҳорибаи байни артиши Сурия ва дастаҳои «Давлати исломӣ» дар назди Палмира идома дорад
Душанбе, 16.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба иттилои ТАСС, қӯшунҳои Сурия дар назди шаҳри Палмира ҳамлаҳои ҷавобии силоҳбадастони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» — ро муваффақона зада гардониданд.
Тавре ки шабакаи иттилоотии «Сурия ал – Эн» хабар медиҳад, ҳариф роҳи мошингарди минтақаи Абу Туваллро, ки тавассути он аз шаҳрҳои Ҳомс ва Димишқ қувваҳои иловагии ҳарбӣ оварда мешаванд, ишғол карда натавонист.
Кӯшиши силоҳбадастон барои ишғол намудани пойгоҳи қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва маркази тақсимоти газ барор нагирифт.
Алҳол задухӯрдҳои шадид дар қисми ғарбии шаҳри Палмира ва дар ҷануби шаҳри бостонии Ал – Мақалиа идома доранд.
Тавре ки коршиносони низомӣ иброз медоранд, ҳайати фармондеҳони Сурия аз нақшаҳои хамла ба шаҳри Палмира рӯ гардонида, усули муҳосираро пеш гирифт. Қӯшунҳо ҳалқаи муҳосираро маҳдуд сохта, роҳҳои асосии сӯи шаҳрро таҳти назорати худ гирифтаанд.
Муҳориба дар 40- километрии ҷанубу ғарби Димишқ барои ба даст овардани осоишгоҳи Забадонӣ давом дорад. Алҳол қӯшунҳо ин шаҳри зебоманзарро иҳота намудаанд. Дар амалиёти ҳарбӣ ҳамчунин ҷанговарони ҳизби «Ҳизбуллоҳ» — и пайравони мазҳаби шиа иштирок доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






