Мубин Эргашев сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуд
Душанбе,29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Шоми дирӯз сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мубин Эргашеви 41-сола дастаи мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Бояд зикр кард, ки бозии наздиктарини дастаи миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе ба муқобили тими мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015 баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Мубин Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки чанд рӯз пеш баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард. Бояд гуфт, ки Мубин Эргашев аллакай таҷрибаи кор дар дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳайси мураббии калон дар давраи солҳои 2008 то 2013 касб кардааст. Моҳи июни соли 2013 Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуда буд. Он вақт таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар як бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон анҷом дод. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.
Хотиррасон менамоем, ки Мубин Эргашев имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. Дастаи «Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






