Мубодилаи таҷрибаи Тоҷикистон ва Латвия оид ба фаъолияти самарабахши бизнес-инкубатор
Душнабе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Се намояндаи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) барои мубодилаи дониш ба Латвия сафари шиносоӣ доштанд. Ҳадафи асосии сафар ин омўзиши фаъолияти Бизнес-инкубаторҳои латвиягӣ ва барномаҳои амалкунанда оид ба менторӣ дар байни занҳои соҳибкор буд.
Ҷониби қабулкунанда, Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Латвия боздидро ба Бизнес- инкубаторҳои калонтарин ва муваффақи Рига, вохўриро бо Агентии Латвия оид ба рушд ва маблағгузорӣ ташкил намуд. Малака ва таҷрибаи пайдонамуда ба АМЗСТ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои амалкунанда ва муайян кардани хизматрасониҳои нав, ки бояд аҳамият, таъсирот ва самаранокии Бизнес-инкубаторро дар шаҳри Хуҷанд фузун гардонад, кумак мерасонад. Таҷрибаи Латвия оид ба дастгирии Бизнес- инкубаторҳо аз ҷониби сохторҳои ҷамъиятӣ метавонад тарҳи асосии муколамаи давлатӣ-шахсӣ бо мақомоти давлатӣ дар вилояти Суғд гардад.
Ҳамчунин Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Латвия ва АМЗСТ имконияти татбиқи барномаҳоро оид ба менторӣ байни занҳои соҳибкори муваффақ ва оғозкунанда муҳокима намуданд. Дар асоси муҳокимаҳо АМЗСТ барномаи худро оид ба барномаи менторӣ таҳия менамояд. Барномаи менторӣ метавонад ба баланд бардоштани иқтидори старт апперҳо ва омўзиши таҷрибаи кори соҳибкорони муваффақи Точикистон тавассути ҳамкории зич ва дастгирӣ мусоидат намояд.
Мубодилаи таҷриба дар доираи лоиҳаи «Васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занони Тоҷикистон (TWEET)» ташкил гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ менамояд. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани муҳити соҳибкорӣ, барои фароҳам овардан ва амалигардонии МХМ, ки занҳо дар Тоҷикистон роҳбарӣ менамоянд, нигаронида шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






