Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо намояндагии корпусҳои дипломатӣ ва кишварҳои мададрасон
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндагии корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот кард. Сарвазири ҷумҳурӣ иштирокчиёни мулоқотро бо сабабҳо, ҳолати ниҳоӣ ва оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир ва хисороти он ба мардум ва иқтисодиёти Тоҷикистон шинос намуд. Тавре таъкид гардид, хисороти ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ расида то имрўз аз рўи ҳисобҳои пешакӣ беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бар асари офатҳои табиии рўзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Мастчоҳи Кўҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликули вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурўҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу купрукҳо, хаттҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорў гузоштаанд. Аз иштиркчиёни мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки дар барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббии дар Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мадарасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар навбати худ барои иштирок дар раванди барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон омодагию ҳавасмандии худро изҳор намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






