Мусоидати СБМ барои имтиҳонсупории 4 муҳоҷир

Июль 24, 2015 04:57

 Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Бо  мусоидати  Созмони Байналмилалии Муҳоҷират 4 муҳоҷири меҳнатӣ имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро  ройгон ва бомуваффақият супориданд.
Инҳо Дӯстмурод Абдиев, сокини  ҷамоати деҳоти И. Ниёзов, Ҷамшед Ғуломрасулов, сокини ҷамоати Носири Хусрав, Шаҳло Ҷабборова, сокини ҷамоати деҳоти Н. Хусрав  ва Бобур Исломов, сокини  ҷамоати деҳоти У. Назарови ноҳияи Қубодиён мебошанд. 
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират,  ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират сол то сол густариш ёфта, Маркази мусоидат ба муҳоҷирон аз тарафи СБМ дар Тоҷикистон ташкил  шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён ният дорад минбаъд низ ҳамкории судмандро бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба роҳ монда, барои  омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, таълими касбии онҳо, омўзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия мусоидат намояд.

Июль 24, 2015 04:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст