Мусоидати СБМ барои имтиҳонсупории 4 муҳоҷир
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мусоидати Созмони Байналмилалии Муҳоҷират 4 муҳоҷири меҳнатӣ имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро ройгон ва бомуваффақият супориданд.
Инҳо Дӯстмурод Абдиев, сокини ҷамоати деҳоти И. Ниёзов, Ҷамшед Ғуломрасулов, сокини ҷамоати Носири Хусрав, Шаҳло Ҷабборова, сокини ҷамоати деҳоти Н. Хусрав ва Бобур Исломов, сокини ҷамоати деҳоти У. Назарови ноҳияи Қубодиён мебошанд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират сол то сол густариш ёфта, Маркази мусоидат ба муҳоҷирон аз тарафи СБМ дар Тоҷикистон ташкил шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён ният дорад минбаъд низ ҳамкории судмандро бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба роҳ монда, барои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, таълими касбии онҳо, омўзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия мусоидат намояд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






