Музди миёнаи меҳнат 5,5 фоиз афзуд

Июль 16, 2015 06:43

Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ то 1 майи соли равон 884 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз афзудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода ироа намуд. 
Музди меҳнати баланд  дар бахши воқеӣ дар соҳаҳои сохтмон-1747 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об — 1301 сомонӣ ва музди меҳнати паст дар соҳаи кишоварзӣ 282 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. 
«Дар бахши хизматрасонӣ музди меҳнати баланд дар соҳаи фаъолияти молиявӣ 2295 сомонӣ буда, музди меҳнати паст дар соҳаҳои буҷавӣ, аз ҷумла, тандурустӣ 659 сомонӣ, маориф-694 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 883 сомонӣ ва мақомоти идоракунӣ 922 сомонӣ  ба қайд гирифта шудааст»,-илова намуд вазир.

 

Июль 16, 2015 06:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст