Н. Саид: «Ба квотаи президентӣ 21 ҷой илова гардид»

Июль 6, 2015 09:47

Душанбе,6.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Соли таҳсили 2015-2016 мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 1 ҳазору 312 ҷой, аз ҷумла барои духтарон 678 ҷой ва барои писарон 634 ҷой ҷудо гардид. Имсол дар   нақшаи қабули соли таҳсили 2014-2015 21 ҷой илова гардидааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид иброз дошт.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд.

Июль 6, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш