Н.Салимӣ: Донишномаҳои фаннӣ интишор мешаванд
Душанбе, 9.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Мо бояд тарзу услуби тарҷумаи китоби дарсиро омӯзем. Дар ин самт анҷоми баъзе нақшаҳо дар назар аст. Барои мисол метавон гуфт, ки дар оянда хатмкунандагони риштаи магистратура то замоне, ки як китобро тарҷума накунанд, ба имтиҳоноти ниҳоӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ 8 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар таълимгоҳ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибаю собиқадор ва соҳибунвон гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки он ба таълиф ва таҳияи донишномаҳои фаннӣ машғул аст. Масалан, аз фанҳои химия, физика, биология, математика, география, таърих, адабиёт дар алоҳидагӣ донишнома барои донишҷӯён интишор мегардад, ки тамоми маълумотро перомуни фанҳои мазкур фарогир мешавад. Н.Салимӣ дар хусуси нашри китоби дарсӣ ва кори тарҷумонӣ иброз дошт, ки як нафар донишҷӯи факултаи забонҳои романӣ-германӣ барои омӯзиши забони фаронсавӣ китоби дарсӣ навишт ва ин китоб аз ҷониби сафорати Фаронса қабул гардида, барои нашраш маблағгузорӣ шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






