Нашри 4 китоб бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Июль 15, 2015 09:56

Душанбе, 15.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба ҷашни 700-солагии зодрӯзи олим, шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаи Кӯлоб» ҷилдҳои якум ва дуюми «Ганҷи ирфон»-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро аз чоп баровард.
 Китоби мазкур дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва чопхонаи ҶДММ «Илм» нашр гардида, ҷилди якуми ашъор 10 рисола ва ҷилди дуюми осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 27 асари ӯро фаро гирифтааст. 
Гуфта мешавад, ки таҳияи асарҳои мутафаккири шинохта дар асоси нусхаҳои хаттие, ки дар захираи дастхатҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИТ маҳфузанд, омода шудааст. Аксари асарҳои дар ҷилди мазкур воридшуда аз рӯйи мазмуну мундариҷаи худ илмӣ ва соҳавиянд. Бештари онҳо ба соҳаи фалсафа ва мантиқ мансуб мебошанд.
Ҳамчунин бахшида ба ин Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва матбааи ҶДММ «Нашри мубориз» китоби «Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-ро низ аз чоп баровард.
Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чопхонаи ҶДММ «Бебок» китоби муҳаққиқи заҳматписанд Ҳотам Асозодаро зери унвони «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: таълифоти илмӣ, ирфонӣ ва адабӣ» бо теъдоди 1000 нусха интишор намуд. Рисолаи мазкур ба пажӯҳиши бисёрҷабҳаи аҳволу осори адиби шаҳир, орифи кабир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст. Нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Фавқ» китоберо бо забони русӣ мунташир намуд, ки ба ҷашни 700-солагии олими маъруф бахшида шудааст. Китоб бо эҳтимоми Маркази илмию байналмилалии фарҳангии мусиқии мардуми Шарқ (Борбад) ба чоп омода гаштааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли равон бо қарори ЮНЕСКО ва ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон  ҷашни 700-солагии зодрӯзи олим, шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи баланд таҷлил хоҳад гашт.

Июль 15, 2015 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст