Нигера: ба занон пӯшидани фаранҷӣ манъ гардид
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар қисмати ҷанубу шарқии Нигера ба занон пӯшидани либоси анъанавии фаранҷиро, ки тамоми рӯяшонро мепӯшонад, манъ карданд. Агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, ки дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Даффа хабар додаанд.
Бино ба гуфтаи роҳбарияти минтақа, ин қарор бо мақсади пешгирии ҳамлаҳои террористии гурӯҳи ифротгарои исломии «Боко Ҳаром», ки бештар террористдухтаронро дар худкушӣ истифода мекунад, қабул шудааст.
Чанде пеш бо чунин ҳадафҳо дар Чад ва Камерун низ пӯшидани фаранҷиро манъ карданд.
Моҳи марти соли 2015 «Боко Ҳаром» барои содиқ будан ба созмони террористии «Давлати исломӣ» қасам ёд карда буд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






