Оғози тамринҳои тими мунтахаби кишвар доир ба Ҷоми Осиё-2016
Душанбе, 13.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ҷамъомади таълимию машқии худро дар Душанбе оғоз намуд.
Ба иттилои менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов, ҷамъомади таълимию машқии даста то 17 июл идома ёфта, дар ин давра даста як бозии санҷишӣ мегузаронад.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани бозии санҷишӣ роҳбарияти даста бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба мувофиқа расида, бозӣ рӯзи 16 июл баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 ширкат мекунад. Даста дар гурӯҳи “F” бо дастаи мунтахаби ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ рақобат хоҳад кард. Марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “F” дар Душанбе мегузарад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






