Обхезии зараровар дар рӯдхонаи Ғунди Бадахшон

Июль 17, 2015 06:16

Душанбе, 17.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари боло рафтани оби рӯдхонаи Ғунд дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаҳои Танг, Барсем ва Бердибекобод 15 хонаи истиқоматӣ хароб шуда, нерӯгоҳҳои “Помир-1” ва “Хоруғ” муваққатан аз кор боз дошта шудаанд.
Намояндагони Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва масъулини ВМКБ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Бино ба иттилои масъулин, беш аз ду километр хатҳои интиқоли барқ корношоям шуда, қариб 5 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон хароб гардидааст.
Аз рӯи баъзе маълумотҳо, дар поёни деҳаи Танг селоба сангу чӯб ва лойро дар як ҷо ҷамъ оварда, обанбори сунъӣ сохтааст, ки дар сурати канда шуданаш метавонад ба маҳаллаҳои поёноб хисорот ворид кунад.
Баҳри бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ комиссияи махсус таъсис дода шуда, корҳои бартарафсозӣ идома доранд.

Июль 17, 2015 06:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд