Офати табиӣ ба навоҳии Дарвозу Ишкошим боз зарар расонд

Июль 28, 2015 06:54

Душанбе,  28.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  27 июл дар баъзе навоҳии мамлакат бар асари офатҳои табиӣ боз ба хоҷагии аҳолии ин навоҳӣ зарар расид.  Рўзи 27 июл соати 05:14 дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи оби дарёи Хингов дар деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метр самти роҳи мошингарди маҳаллӣ пурра шуста шуда, 103 метри роҳи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 
Дар ҳамин рӯз, яъне 27 июл соати 08:12 дар деҳаи Шитхарви ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим  дар километри 155-и самти шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб сел фаромада, ба масофаи 15 метр дарозӣ ва 3 метр чуқурӣ роҳи мазкур аз истифода бароварда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ин самт қатъ гардид. 
 Дар натиҷаи гармшавии  ҳаво ва аз меъёр баланд гардидани сатҳи оби дарёи Аличур, дар километри 250-уми роҳи  мошингарди деҳаи Башкумбези ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ пули мошингузари маҳаллиро об шуста хароб кард.
Дар шаҳру навоҳии мазкур дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода сафарбар гардида, маълумоти иловагӣ пешниҳод  мешавад. 
Мавриди зикр аст, ки дар тамоми минтақаҳои зарардида ҳоло  вазъият зери назорат буда, корҳои барқарорсозӣ бо вусъат идома доранд. 
Кори комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шуғнон назаррас аст, зеро дар мавзеи офатзадаи ҷамоати деҳоти Сучон деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон барои 83 оила  қитъаи замин ҷудо шуда, сохтмони 70 хона оғоз  шудааст. Аз ҷумла, таҳкурсии 52 хона канда шуда, девори 18 хона  аз 1 то 1,5 метр бардошта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
    Таҳлили маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода  нишон медиҳад, ки дар давраи солҳои 1997-2015 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3279 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба амал омадааст, ки бар асари онҳо 1062  нафар ҷони худро аз даст дода, хисороти иқтисодии расида зиёда аз 2 миллиард сомониро ташкил додааст.

Июль 28, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст