Омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба қисми дуюми чемпионат
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ “Ховар” Меҳрони Курбон).-Дастаҳои лигаи олии кишвар бозиҳои санҷишӣ гузаронида, ба қисми дуюми чемпионат омодагӣ мебинанд. Рӯзи 15 июл дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Норак дар қисми дуюми чемпионат бо дастаи КМВА “Помир” бозии санҷишӣ гузаронид. Бозӣ шавқовару тамошобоб доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи дастаи шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Ёдовар мешавем, ки голҳои дастаи “Равшан”-ро легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ , Абдурасул Раҳмонов ва Наврӯз Рустамов ба самар расониданд. Дар ҳайати дастаи мудофиачиён Рустам Толибов, Павел Калугин ва Давронҷон Тухтасунов ба задани гол муваффақ шуданд.
Бояд зикр кард, ки чемпиони феълии мамлакат ва пешсафи ягонаи қисми якуми ҷадвали чемпионати имсола дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон, ки ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 омодагӣ мебинад, бозии санҷишӣ гузаронд. Дар вохӯрӣ ғалаба насиби чемпиони феълӣ шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 14 вохӯрӣ ниммуҳофизи дастаи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев боз кард. Баъди чор дақиқа ҳамлагари дастаи пойтахт, легионери испаниягӣ Мануел Бледа Родригес голи дуюми “Истиқлол”-ро зада, ҳисоби бозиро дучанд гардонид. Қисми якуми вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом шуд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ ҳар ду дастаҳо қариб, ки ҳайатҳои худро пурра иваз карда, ба майдон бозингарони навро бароварданд. Ин қисми бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, вале ҳисоби вохӯрӣ тағийр наёфт.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 21 июл дастаи “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар бори дигар бозии санҷишӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 18.00 ба нақша гирифта шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






