ПҲ 85 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард

Июль 31, 2015 09:19

            Душанбе, 31.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 миллион сомонӣ зарари молиявиро дар нимсолаи якуми соли равон  ошкор карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта зарари молиявии ошкорнамудаи Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ 14 млн. сомониро ташкил дода буд.  Дилмурод Давлатзода -раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ 31 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давра дар вазорату  кумитаҳо, субъектҳои  хоҷагидории давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои  буҷетӣ 192 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 адад зиёд мебошад. 
              Дилмурод Давлатзода афзуд, ки аз маблағи умумии  зарари молиявии ошкоргардида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 6 млн. 653 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи  воситаҳои пулию молӣ 1 млн. 363 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои  таъмиру сохтмонӣ 6 млн.95 ҳазор сомонӣ, инчунин зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 792 ҳазор сомонӣ,  талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомнӣ 29 млн.84 ҳазор сомонӣ, маблағи кам  ҳисобгардида  ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 40 млн.948 ҳазор сомонӣ ва маблағи пардохт накардани  суди саҳмияҳои давлатӣ 65 ҳазор сомониро ташкил дод.
             Дилмурод Давлатзода таъкид кард, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин давра дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хусусан супоришҳои Сарвари давлат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба роҳ монда,  дар асоси нақшаи корӣ  ва дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои  назаррасро ба анҷом расонидааст.

 

 

Июль 31, 2015 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд