Пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи Робиндранат Такур

Июль 13, 2015 10:46

 Душанбе, 13..07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги Ҳинд Робиндранат Такурро дар шаҳри Душанбе ҳамчун пайвандгари тамаддуни халқҳои тоҷику ҳинд арзёбӣ кард. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди 13 июл дар гулгашти кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе парда аз рӯи нимпайкараи яке аз шахсиятҳои бузурги Ҳиндустон, шоир ва нависандаи машҳури Ҳинд  Робиндронат Такур (1861-1941) бардошта шуд. Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи  нимпайкараи Робиндранат Такур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди  сухан карда, нақши Робиндранат Такурро дар рушди адабиёт ва тамаддунии ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуд.
     Нимпайкараи Робиндронат Такур бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон ва Ҳиндустон эъмор гардида, меъмори он Зуҳуриддин Сироҷиддин -яке аз меъморони шинохтаи Тоҷикистон аст. Бояд зикр кард, ки  дар масофаи начандон дуртар аз нимпайкараи Робиндранат Такур  дар кӯчаи Бухоро,  51 нимпайкараи яке аз ходимони барҷастаи сиёсии Ҳиндустон, доҳии мардуми ҳинд  Маҳатма Гандӣ (1861-1941) гузошта шудааст. 

Июль 13, 2015 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст