Рассоми тоҷик дар намоишгоҳи ИМА соҳиби ҷоизаи асосӣ- «Уқоби тиллоӣ» гардид

Июль 11, 2015 04:47

Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар»,Ҳотами Шариф).- Рассом-ороишгари Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Зокир Собиров дар намоишгоҳи «Мавҷи байналмилалии ҳунар»-и шаҳри Ню- Йорк, ки таҳти унвони «Ҳунар дар ҳоли рушд» баргузор шуд, ғоибона ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи асосӣ- «Уқоби тиллоӣ» гардид.
Муваффақияти асосии Зокир Собиров дар он аст, ки равияи тозаи ӯ- мутавозият дар санъати тасвирии ҷаҳон дар ҳақиқат шинохта шуд ва ҳамчун сабки ҳунарӣ дар қатори ҳақиқатнигорӣ ва таассурот эътироф гардид.
Зокир Собиров дастпарвари Донишкадаи театр, мусиқӣ ва кинематографияи шаҳри Санк-Петербург буда, дар ороиши саҳнаю намоишҳои театрӣ ва офариниши расмҳои ҷолиб пешсаф мебошад.
Асарҳои офаридаи Собиров дар намоишгоҳҳои байналмилалии дохилу хориҷ, аз ҷумла дар Алҷазоир, Испания, Италия, Ҳиндустон ва шаҳрҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ӯ дар ороиши бинои нави Китобхонаи миллӣ заҳмати зиёд кашидааст. Дар долонҳову толорҳои китобхона маҳсули эҷодиёти нодиру дасти пуркори ӯ фазои вежаи маънавӣ офарида, ҳусни ин бинои муҳташамро дучанд намудааст.

Июль 11, 2015 04:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд