Сафорат тафтишоти қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро пайгирӣ мекунад
Душанбе, 17.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҷараёни тафтишоти марги фоҷиабори 5 шаҳрванди кишвар дар Русияро таҳти назорати худ гирифтааст.
Бино ба иттилои намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод, Сафир ба хадамоти Консулии Сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия супориш додааст, ки бо мақомоти тафтишотии полис ва пайвандони фавтидагон пайваста дар алоқа бошанд ва ба онҳо кумаки лозима расонанд. Сафири Тоҷикистон дар Москав аз кормандонаш хост, ки аз натиҷаҳои кор нисбати ин масъала пайваста бохабар бошанд.
«Мо медонем, ки аллакай гумонбари марги шаҳрвандони мо дар шаҳри Ступино дастгир шудаанд. Бино ба нақли тафтишот, гумонбари 51-сола муҳоҷирони моро барои туннел кофтан киро карда, таҳти роҳбарии ӯ барои маҳсулоти нафтӣ дуздидан, дар қубури нафт сурохӣ кардаанд. Чуноне, ки тафтишот тасдиқ мекунад, дастгиршуда, ки сокини вилояти Орловск мебошад, эҳтимолан ҳабси яумра гирад», — таъкид менамояд манбаъ.
Айни ҳол шахсияти панҷ нафар ҳалокшуда, аз ҷумла ду ҷасади дарёфтшуда аз ноҳияи Ступинск ва ду ҷасади бозёфтшуда аз Тулск муайян шуд. Инҳо, Хуршед Ёрматов, соли таваллудаш 11 августи 1988; Самандар Халифаев, соли таваллудаш 31 марти 1989, Солеҳҷон Дилшодов, соли таваллудаш 1982 — аз Қумсангир ва Фирдавсӣ Нодиров, соли таваллудаш 1980 — аз ноҳияи Данғара ва Шаҳром Набиев, соли таваллудаш 1988 мебошанд.
Дар робита ба ин, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рафти тафтишотро назорат карда, дар иртиботи доимӣ бо муфаттишон аст. «Мо аз рафти корҳое, ки тафтишот мебарад, огоҳ ҳастем. Умедворем, ки гумонбар ё гумонбарони ҳалокати шаҳрвандони мо, ки тафтишот пурра муайян месозад, ҷазои сазовор мегиранд», — гуфт М. Эгамзод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






