Сафорати Тоҷикистон дар Русия: «Марги Ислом Маҳмадшоев барои ҷомеаи тоҷикистониҳои Русия низ талафоти бурзург аст»
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Марги дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки имрӯз дар пайи бемории вазнин дар Бемористони ба номи Скилифасовскии шаҳри Москва аз дунё даргузашт, барои ҷомеаи тоҷикистониҳои Русия низ талафоти бурзург арзебӣ мешавад, зеро номбурда дар инҷо низ аз обрӯ ва эҳтироми хоса бархурдор буд.
Намояндаи расмии Сафорати Точикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Сафорат дар рӯзҳои вопасин низ аз аҳволи марҳум огаҳӣ дошт ва дарк мекард, ки бо вуҷуди ҳамаи талошҳо, духтурон дар наҷоти марҳум оҷизӣ мекашиданд. Аз хуруҷи бемории ҷигар номбурда хеле аҳволи сангин дошт. Масъулини мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия, Сафорат ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон ҳама кӯшишҳоро ба харҷ доданд, то духтурони русӣ Исломро табобат кунанд, аммо марг ӯро даррабуд.
«Ҳоло тадорукоти интиқоли ҷасад рафта истодааст ва интизор меравад, ки шоми имрӯз марқади Ислом Маҳмадшоевро ба Ватан фиристем. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфт, ки сохторҳои марбута, аз ҷумла хадамоти консулгарӣ ва намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дар Москва дар ин амали хайр ҷалб шудаанд», — илова намуд М. Эгамзод.
Бино ба иттилои манбаъ шоми имрӯз марқади номбурда аз фурудгоҳи Домодедово ба Ватан фиристода хоҳад шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин ходисаро барои футболи тоҷик бохти бузург арзебӣ намуда, ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






