Санҷиши доварони тоҷик аз ҷониби КФО
Душанбе, 16.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ду нафар реферони футзали тоҷик, Эркинҷон Мадибоев аз Душанбе ва Абдумалик Ғаффоров аз Хуҷанд барои шомил шудан ба рӯйхати доварони беҳтарини Конфедератсияи футболи Осиё аз санҷишӣ рекруторӣ мегузаранд.
Бино ба иттилои шуъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳакамии доварони тоҷикро рекрутори КФО аз Туркманистон Вадим Баротов месанҷад. Мутахассиси туркман дар бозии марказии даври ифтитоҳии қисми дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон байни “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе, ки рӯзи 25 июл дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, доварони тоҷикро назорат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, дар сурати бомуваффақият гузаштани марҳилаи аввали санҷиши рекруторӣ аз ҷониби КФО ректрутори дуюм ба Тоҷикистон фиристонида мешавад. Баъди гузаштани санҷиши дуюм қарор оид ба қабул шудан ба рӯйхати доварони беҳтарини Конфедератсияи футболи Осиё қабул мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






