Саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ рушд меёбад
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон Искандарзода).-Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл чун Рӯзи касбии металлургҳои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Коргоҳҳои соҳаи металлургияи тоҷик асосан дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Аз ҷумла, инҳо корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Анзоб», «Апреловка», ҶДММ ШКС «Тоҷикистону Хитой» мебошанд, ки ҳоло фаъолияти назаррас доранд. Дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2015 саҳми саноати коркарди маъдани кӯҳӣ аз 2,1 млрд. сомонии тамоми маҳсулоти саноатии минтақа 42,2%-ро ташкил дод. Яъне, афзоиши истеҳсолоти соҳаи саноати вилоят асосан аз фаъолияти коргоҳҳои саноати коркарди маъдани кӯҳӣ маншаъ мегирад.
Ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми саноатӣ феълан дар шаҳри Истиқлол корхонаи «Нуқрафом» ба истихроҷи маъдану коркарди пурраи нуқра машғул аст. Инчунин дар ҳамин шаҳр ҳоло сохтмони лоиҳавии коргоҳи нави истеҳсоли сурбу рӯҳ ҷараён дорад. Арзиши лоиҳавии ин коргоҳ 250 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, бо 1300 ҷои нави корӣ солҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамзамон роҳбарияти вилоят ҳоло барои ба фаъолият андохтани корхонаи маъдантозакунии шаҳраки Адрасмон бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтугӯ доранд.
Тавре ки ба мо раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи вилояти Суғд Юнусхӯҷа Зикриёев хабар дод, ҳоло дар коргоҳҳои соҳаи саноати коркарди маъдани кӯҳии вилояти Суғд наздик ба 6 ҳазор нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






