Саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ рушд меёбад

Июль 21, 2015 06:56

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»,  Тоҳирҷон Искандарзода).-Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл чун Рӯзи касбии металлургҳои тоҷик ҷашн гирифта мешавад.    Коргоҳҳои соҳаи металлургияи тоҷик асосан дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Аз ҷумла, инҳо корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Анзоб»,  «Апреловка», ҶДММ ШКС «Тоҷикистону Хитой» мебошанд, ки ҳоло фаъолияти назаррас доранд.  Дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2015 саҳми саноати коркарди маъдани кӯҳӣ аз 2,1 млрд. сомонии   тамоми маҳсулоти саноатии минтақа 42,2%-ро ташкил дод. Яъне, афзоиши истеҳсолоти  соҳаи саноати вилоят  асосан аз фаъолияти коргоҳҳои  саноати коркарди маъдани  кӯҳӣ маншаъ мегирад. 
Ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми саноатӣ  феълан  дар шаҳри Истиқлол корхонаи «Нуқрафом» ба истихроҷи маъдану коркарди пурраи нуқра машғул аст.  Инчунин дар ҳамин шаҳр ҳоло сохтмони лоиҳавии коргоҳи нави истеҳсоли сурбу рӯҳ ҷараён дорад. Арзиши лоиҳавии ин коргоҳ 250 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, бо 1300 ҷои нави корӣ солҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд.  Ҳамзамон роҳбарияти вилоят ҳоло барои ба фаъолият андохтани корхонаи маъдантозакунии шаҳраки Адрасмон бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтугӯ доранд.
Тавре ки ба мо раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи вилояти Суғд Юнусхӯҷа Зикриёев хабар дод, ҳоло дар коргоҳҳои соҳаи саноати коркарди  маъдани кӯҳии вилояти Суғд наздик  ба 6 ҳазор нафар ба кори доимӣ  фаро гирифта шудааст.  

 

Июль 21, 2015 06:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид