«Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон- имкониятҳо барои ҳамкории созанда»-форуми байналхалқӣ
Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар соли 2015 баландшавии мавқеи мамлакат ба 11 зина аз ҳисоби баҳтаршавии нишондиҳандаҳои бақайдгирии моликият ба 3 зина, дастрасӣ ба қарз ба 62 зина ва андозбандӣ ба 15 зина муяссар гардид, -зикр шуд дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ кумита фаъолияти худро ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ равона кард. Дар ин замина устувории рушди бахши хусусӣ таъмин гардида аз рӯи маълумот ҳиссаи он зиёда аз 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад ва 64,5 фоиз теъдоди аҳолии фаъоли иқтисодиро ба шуғл фаро гирифтааст.
Дар рӯзи таҷлили нахустини «Рӯзи соҳибкор», яъне 14-уми октябри соли 2015 доир намудани Форуми байналмилалии Душанбе-2015 таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон- имкониятҳо барои ҳамкории созанда» ба нақша гирифта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






