Сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба истеъфо рафт
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев аз мақоми худ истеъфо дод.
Муҳсин Муҳаммадиев ба истеъфо рафтанашро шарҳ дода, чунин гуфт: «Пас аз нокомиҳои тими мо дар оғози даври интихобии Мусобиқоти ҷаҳон — 2018, ки мо дар ду бозӣ ҳамагӣ 1 хол ба даст овардем, ман қарор додам, ки истеъфо диҳам. Сад афсӯс, ки фаъолияти якҷояи мо самаре надод ва чунин анҷом ёфт. Ман тамоми масъулиятро барои чунин натиҷа бар дӯш мегирам. Ман мехоҳам ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шахсияти президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва ба муовини аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзоев барои кумак ва дастгирие, ки ман дар давоми ду соли фаъолият дар мақоми сармураббии тими мунтахаб эҳсос кардам, арзи сипос намоям. Ман инчунин аз бозингарони тими миллӣ барои фаъолияти якҷоя ва аз мухлисон барои дастгирии тими мунтахаб минатдорам».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






