Семинари омӯзишӣ ҷиҳати муқобилият ба хариду фурӯши одамон
Ваҳдат, 02.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Субҳониддини Маҳмуд).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 20 нафар ҷавони фаъоли шаҳри Вахдат дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, онҳо ҳамчун омӯзгор омода гардиданд. Ба иттилои сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Сафарбек Саидов давраи омӯзишӣ мавзӯи муқобилият бар зидди хариду фурӯши одамонро дар бар гирифта, барномаҳои махсуси иттилоотӣ мавриди амал карор дода шуданд. Яке аз ин барномаҳо Лоиҳаи «Муқовимати ҷавонон оид ба хариду фурӯши одамон» мебошад, ки дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2015”амал мекунад. Он аз тарафи кумита дастгирӣ ёфта ва дар шаҳри Ваҳдат мавриди ичро қарор гирифтааст. Ҷавонони ихтиёрӣ (омӯзгорон) ба гурӯҳҳо тақсим шуда , дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат миёни насли созандаи миллат, наврасону ҷавонони аз 14 то 25 сола оид ба масъалаи муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамон семинар ва машваратҳои омӯзишӣ гузаронида истодаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






